Ба гузориши манобеи хабарӣ, Муҳаммад Ансорӣ, раиси ин марказ гуфт: 362 муддаӣ аз кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Ироқ, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Зинд, Нигерия, Лубнон, Танзания, Украина, Испания ва Сурия буданд.
Вай дар маросими ихтитомияи ҳабдаҳумин давраи ин мусобиқот, ки рӯзи ҷумъа дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Абдулазими Ҳасанӣ (а) шаҳри Рей воқеъ дар ҷануби Теҳрон баргузор шуд, суханонеро баён кард.
Вай гуфт: дар ин давра ҳудуди 9000 нафар аз фаъолони қуръонӣ дар риштаҳои қироати Қуръон, ҳифзи (сутӯҳи мухталиф), тартил ва мафоҳими қуръонӣ бо ҳам ба рақобат пардохтанд.
Ин мақоми масъул тасреҳ кард: дар маҷмӯъ 72 коршиноси қуръонӣ амалкарди мутасобиқонро дар радаҳои мухталиф арзёбӣ карданд.
Вай ҳамчунин хотирнишон кард: баргузоркунандагон дар назар доранд тағироти ҷадидеро дар ин мусобиқа ироа кунанд, ки дар соли оянда иҷроӣ хоҳад шуд.